ФБД: Даъвои ҳарбиёни ИМА нисбати «Kam air» бепоя аст

Ҳафтаи гузашта ҳарбиёни амрикоӣ ширкати калонтарини ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Kam air»-ро ба «рӯйхати сиёҳ»-и худ дароварда, дар интиқоли маводи нашъаовар муттаҳам хонданд ва таъкид намуданд, ки гуё тариқи ҳавопайоҳои ширкати мазкур маводи нашъаовар ба Тоҷикистон ворид шуда, пасон ба дигар минтақаҳо интиқол дода мешудааст. Ин хабар дар расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар ба нашр […]


Ҳафтаи гузашта ҳарбиёни амрикоӣ ширкати калонтарини ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Kam air»-ро ба «рӯйхати сиёҳ»-и худ дароварда, дар интиқоли маводи нашъаовар муттаҳам хонданд ва таъкид намуданд, ки гуё тариқи ҳавопайоҳои ширкати мазкур маводи нашъаовар ба Тоҷикистон ворид шуда, пасон ба дигар минтақаҳо интиқол дода мешудааст. Ин хабар дар расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар ба нашр расид.

Дар ин робита сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев иттилоъ дод, ки даъвои ҳарбиёни амрикоӣ нисбати ширкати «Kam air» беасос буда, изҳороти ҷониби ҳарбиёни амрикоӣ на танҳо ба обрӯи ширкати «Kam air», балки ба обрӯи Тоҷикистон  дар арсаи байнулмилалӣ низ латма ворид намудааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Kam air» аз соли 2007 инҷониб дар хатсайри Кобул-Душанбе-Кобул ҳафтае як маротиба парвозҳоро ба Душанбе анҷом медиҳад. «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Ширкати ҳавопаймоии «Kam air» ҳамкориҳои хуби тарафайн доранд. Муносибат бо кормандон ва намояндагии ширкати мазкур тавре роҳандозӣ шудааст, ки бо ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии дигар. Яъне ҳангоми фуруд ба фурудгоҳи Душанбе мусофиргирӣ ва гузаштани ҳамаи расмияти мавҷудаи ҷорӣ риоя мегардад», – иброз дошт сухангӯи фурудгоҳ.

Гуфта мешавад, хадамоти гумрук, ШКД ва дигар ниҳоди марбутаи фурудгоҳ фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Kam air»-ро мусбат арзёбӣ карда, маълум гардидааст, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ ягон маротиба ҳолати ошкор гардидан ва ё боздошти нафаре бо ҷурми интиқоли маводи нашъавоар дар фурудгоҳи Душанбе рух надодааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.