Раҳимзода: Коҳиши сатҳи камбизоатӣ устувор аст

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 38,3% коҳиш ёфт. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки давлат баҳри аз байн бурдани мафҳуми «қишри камбизоати аҳолӣ» ва пайдо шудани ҳарчи бештар қишри аҳолии дорои даромади миёна тадбирҳо хоҳад андешид. «Мо бояд муайян созем, ки қишри миёна чӣ […]


Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 38,3% коҳиш ёфт.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки давлат баҳри аз байн бурдани мафҳуми «қишри камбизоати аҳолӣ» ва пайдо шудани ҳарчи бештар қишри аҳолии дорои даромади миёна тадбирҳо хоҳад андешид.

«Мо бояд муайян созем, ки қишри миёна чӣ гуна аст. Дар Қазоқистон шахси дорои маълумот, манзил, автомашина, суратҳисоби депозитӣ дар бонк ва имкони сафар ба хориҷа як маротиба дар як сол барои истироҳатро ба синфи миёна шомил месозанд, вале дар Тоҷикистон то ҳанӯз ин нишондиҳанда мушаххас нест», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол то сол коҳиш меёбад: соли 2008 ин нишондиҳанда – 50%, соли 2009 – 46,7%, соли 2010 – 45%, соли 2011 – 41% ва соли 2012 – 38,3%-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, дар натиҷаи амалисозии ду барномаи стратегии давлатӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, дар кишвар коҳиши усутвори сатҳи камбизоатӣ ба мушоҳида мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.