Бо супориши вазири нақлиёт барои тезонидани корҳо дар нақби «Истиқлол» панҷ бригадаи нав ташкил карда шуд

            Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши вазири нақлиёт барои тезонидани корҳо дар нақби «Истиқлол» панҷ бригадаи нав ташкил карда шуд.             Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ, айни замон коргарон ба бетонрезии нақби ҳавогузар машғул мебошанд. «Дар ин ҷо то анҷоми кор ҳудуди 600 метр масофа боқӣ мондааст ва коргарон […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши вазири нақлиёт барои тезонидани корҳо дар нақби «Истиқлол» панҷ бригадаи нав ташкил карда шуд.





           

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ, айни замон коргарон ба бетонрезии нақби ҳавогузар машғул мебошанд. «Дар ин ҷо то анҷоми кор ҳудуди


600 метр

масофа боқӣ мондааст ва коргарон ҳамарӯза то

27 метр

акбро бетонпӯш мекунанд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки анҷоми корҳои сохтмонӣ дар таърихи 15-уми ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ёдрас мекунем, ки бо супориши президенти Тоҷикистон баҳри халал нарасонидан ба корҳои сохтмончиён аз 12-уми сентябри соли ҷорӣ ҳаракати нақлиёт дар нақби «Истиқлол» манъ карда шуда буд ва сохтмончиён ба сарвари давлат ваъда дода буданд, ки дар муддати 35 рӯз ҳамаи корҳои пешбинишударо ба анҷом мерасонанд. Дар ҳамин ҳод, тибқи иттилоъ аз сарчашмаҳои мӯътамади ОИ «Азия-Плюс», сарфи назар аз манъи ҳаракати нақлиёт тавассути нақб то 25-уми октябр, сохтмончиёни тоҷику эронӣ бо пардохти музди муайяне ба ҳаракати нақлиёт иҷоза медиҳанд ва шабона аз 40 то 50 мошин аз нақб мегузарад.




 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова