Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни Рӯзи ғалабаи инқилоби исломӣ ба унвони президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба дурнамои неки муносибатҳои ду кишвари ҳамкешу ҳамфарҳанг эътимоди қавӣ дорад, зеро ба шарофати густариш ва таҳкими […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни Рӯзи ғалабаи инқилоби исломӣ ба унвони президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба дурнамои неки муносибатҳои ду кишвари ҳамкешу ҳамфарҳанг эътимоди қавӣ дорад, зеро ба шарофати густариш ва таҳкими онҳо дар арсаҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ, тӯли солҳои охир равобити байнидавлатии ду кишвар на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар сатҳи бисёрҷониба низ пайгирона густариш ёфта, мазмуни сифатан нав касб намудааст.

«Итминони комил дорам, ки муносибатҳои минбаъдаи мо дар асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқии мавҷуда рушду тавсеа ёфта, боиси афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши тиҷоратии байни ду кишвар ва сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иншооти стратегии иқтисоди Тоҷикистон мегарданд», – омадааст дар барқия.

Ҳамасола санаи 11-уми феврал дар Эрон Рӯзи инқилоби исломӣ ҷашн гирифта мешавад. Моҳҳои январ-феврали соли 1978 мардуми Эрон монархияро сарнагун сохта, кишвар Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.