Афзалшо Шодиев ба мукофоти байнулмилалии «Intellect of nation» шарафёб шуд

Барои саҳми босазо дар рушди зеҳнии ҷомеаи муосир ва дастовардҳои назаррасӣ касбӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба мукофоти байнулмилалии «INTELLECT OF NATION» (Хиради миллат) шарафёб гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Афзалшо Шодиев шахси сеюмин дар таърихи Тоҷикистон аст, ки бо чунин мукофот сарфароз гардонида мешавад. То […]

Меҳрангез Турсунзода


Барои саҳми босазо дар рушди зеҳнии ҷомеаи муосир ва дастовардҳои назаррасӣ касбӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба мукофоти байнулмилалии «INTELLECT OF NATION» (Хиради миллат) шарафёб гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Афзалшо Шодиев шахси сеюмин дар таърихи Тоҷикистон аст, ки бо чунин мукофот сарфароз гардонида мешавад. То ин замон ба ин мукофот ҳунармандони саршинос Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев соҳиб гардида буданд.

Рӯзи 22-юми феврал дар маросими қабули ботантанаи роҳбарияти Конгресси байнулмилалии саноатчиён ва соҳибкорон – пешвоёни тиҷорату илм ва фарҳанг оид ба тақдими мукофотҳо ба ҷоизадорони байнулмилалӣ дар доираи барномаи байнулмилалии «Пешвоёни асри XXI» ин мукофот ба ҳунарманд тақдим хоҳад шуд.

Афзалшо Шодиев соли 1962 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1979 мактаби миёнаро хатм ва ҳамон сол ба Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода қабул мешавад. Соли 1983 пас аз хатми донишкада дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ менамояд.

Афзалшо Шодиев дорандаи Ҷоизаи ба номи комсомолии ленинӣ (соли 1989), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1993) ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (соли 2008) аст.

Ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи «Семирамида-2000» дар Ироқ ва Ҷоизаҳои гуногун дар ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Русия, Эрон ва Яман низ мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.