Нашри дастури таълимӣ оид ба масоили муҳоҷирати корӣ

«Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ» аввалин китоби таълимие мебошад, аз ҷониби кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоуддинов таҳия ва дар ҳаҷми 89 саҳифа ба табъ расид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар дастур ба паҳлӯҳои мусбию манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, […]

ASIA-Plus


«Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ» аввалин китоби таълимие мебошад, аз ҷониби кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоуддинов таҳия ва дар ҳаҷми 89 саҳифа ба табъ расид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар дастур ба паҳлӯҳои мусбию манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, методи баҳисобгирии муҳоҷирати аҳолӣ, сиёсати давлатии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират, асосҳои қонунии раванди муҳоҷират ва дигар мавзӯҳои вобаста ба муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин китоб на танҳо барои мутахассисони соҳаҳои илмҳои ҷамъиятӣ, балки барои кормандони давлатӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷират сару кор доранд, инчунин барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои кор сафар мекунанд, аҳамияти хос дошта, дар маҷмӯъ барои оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...