Дар Душанбе Анҷумани панҷуми Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ кард

Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Анҷумани панҷуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба кор оғоз кард. Тавре муовини аввали палата Одил Сангов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори анҷуман намояндагони корхонаву муассисоти узви палата, намояндагиҳои палатаи савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ва кормандони вазорату идораҳои […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Анҷумани панҷуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба кор оғоз кард.




Тавре муовини аввали палата Одил Сангов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори анҷуман намояндагони корхонаву муассисоти узви палата, намояндагиҳои палатаи савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ва кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Дар маросими ифтитоҳи анҷуман муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов суханронӣ хоҳад кард.



Дар анҷуман шарҳи ҳисоботи фаъолияти палата дар панҷ соли ахир шунида шуда, соҳибкорони тоҷику хориҷӣ бо маърӯза баромад хоҳанд кард. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ изҳороти сарвари давлат ба иштирокчиёни анҷуман, ки дар он вазифаҳои минбаъдаи палата муайян карда мешаванд, қироат хоҳад шуд.

  




Қобили зикр аст, ки анҷумани палата дар панҷ сол як маротиба даъват мегардад. Тибқи маълумоти ахир, 400 корхонаву муассисоти Тоҷикистон узви палата мебошанд. Дар хориҷи кишвар беш аз 50 намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон амал мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.