Озмуни «Сарбоз аз нигоҳи кӯдакон»-и «Созандагони Ватан»

Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкилоти ҷамъияти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон таҳти унвони «Сарбоз аз нигоҳи кӯдакон» озмун гузаронида истодааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлили ҲХДТ Адҳам Мирсаилов иттилоъ дод, чанде қабл дар кӯдакистони №135-и ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯдакистонҳои […]

Аваз Юлдошев


Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкилоти ҷамъияти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон таҳти унвони «Сарбоз аз нигоҳи кӯдакон» озмун гузаронида истодааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлили ҲХДТ Адҳам Мирсаилов иттилоъ дод, чанде қабл дар кӯдакистони №135-и ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯдакистонҳои №34 ва №67-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт натоиҷи озмун ҷамъбаст гардиданд. «Дар озмун кӯдакон аз нигоҳу тахайюлоти худ расмҳои ҷолибу зебо кашида, ба онҳо аз ҷониби ҳизб тӯҳфаҳо тақдим гардид», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ҳамчунин чанде қабл намояндагони ҲХДТ таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Асрор Латифов бо сарбозону афсарони Гвардияи муллии кишвар вохӯрда, ба пешқадамони хизмати ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.