Манзили дуҳуҷрагии шаҳрдори пойтахт ба шаҳрванди 8-миллионум


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба волидони Сумайя – шаҳрванди хаштмиллионаи Тоҷикистон, ки 5-уми феврал дар таваллудхонаи раками 3-и пойтахт

ба дунё омад

, дар кӯчаи ба номи Федини пойтахт хонаи дуҳуҷрадор туҳфа кард.

Тавре Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси пойтахт иттилоъ дод, майдони умумии манзили истиқоматии мазкур 60,2 метри мураббаъ буда, он дар ошёнаи якуми бинои баландошёнаи маҳаллаи 83-юми пойтахт воқеъ аст.

«Илова бар ин, раиси шаҳр супориш дод, ки ба номи шаҳрванди ҳаштмиллионаи ҷумҳурӣ дар «Амонатбонк» суратҳисоб кушода шуда, ба сифати кӯмаки якдавраина 8 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шавад», – иброз дошт вай.

Ба қавли номбурда, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин ба Раёсати тандурустии пойтахт супориш додааст, ки барои назорати вазъи саломатии шаҳрванди ҳаштмиллионуми ҷумҳурӣ табиби доимӣ муайян намояд. 

spot_imgspot_img

Популярное