Дар Душанбе мушкилоти таълими динӣ баррасӣ мешаванд

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таълими исломӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» мизи гирд ҷараён дорад. Чорабинӣ аз ҷониби ОИ «Азия-Плюс» созмон дода шуда, дар ҷараёни он коршиносон ва намояндагони мақомоти марбутаи кишвар атрофи мушкилоти таълими динӣ дар Тоҷикистон табодули назар хоҳанд кард. Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Тоҷикистони таҳаммулпазир» […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таълими исломӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» мизи гирд ҷараён дорад. Чорабинӣ аз ҷониби ОИ «Азия-Плюс» созмон дода шуда, дар ҷараёни он коршиносон ва намояндагони мақомоти марбутаи кишвар атрофи мушкилоти таълими динӣ дар Тоҷикистон табодули назар хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Тоҷикистони таҳаммулпазир» бо иштироки коршиносони бахши дини ҷумҳурӣ, намояндагони Кумитаи умури дин, Академияи улум ва Маркази исломии Тоҷикистон оҷонсӣ дар мавзӯи «Ислом, ҷавонон ва таҳаммулпазирӣ» низ мизи гирд баргузор намуда буд.

Дар кори мизи гирди мазкур фақеҳону олимони диншиноси маъруф, омӯзгорони мадрасаҳо, рӯҳониён, намояндагони сохторҳои давлатии машғул ба умури таълиму дин ширкат меварзанд.

Зимни кори мизи гирд баррасии масоили сиёсати давлатӣ дар бахши таълими динӣ, омода сохтани кадрҳо барои мактабҳои динии кишвар, мувофиқати барномаҳои таълимӣ ва методикаи онҳо ба талаботи муосир, мушкилоти дастрасӣ ба таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва дигар масоили рӯзмарраву муҳим дар назар аст.

Ҳамчунин маврид ба ёдоварист, ки аввали даҳаи сеюми моҳи феврали соли равон Медиа-гурӯҳи «Азия-Плюс», лоиҳаи IslamNews.tj ва Фонди ба номи Фридрих Эберт таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он»

конфронси байнулмилалӣ

доир намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.