Нигаронии CPJ аз ҳукми суд нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews»

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар мавриди ҳукми суд оид ба даъвои Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» изҳори нигаронӣ намуд. Дар сомонаи расмии Кумита дар ин хусус зикр мегардад, ки кумита аз далели пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани ҷаласаҳои судӣ бештар нигарон аст. Дар ин робита намояндаи CPJ Музаффар Сулаймонов изхор кардааст, ки ситонидани 50 ҳазор […]

Маҳпора Киромова


Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар мавриди ҳукми суд оид ба даъвои Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» изҳори нигаронӣ намуд.

Дар сомонаи расмии Кумита дар ин хусус зикр мегардад, ки кумита аз далели пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани ҷаласаҳои судӣ бештар нигарон аст. Дар ин робита намояндаи CPJ Музаффар Сулаймонов изхор кардааст, ки ситонидани 50 ҳазор сомонӣ маблағ аз рӯзнома ба васоити ахбори умуми мустақили маҳаллӣ таъсири манфӣ гузошта метавонад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврали соли равон судяи суди Исмоили Сомонии пойтахт Шерзод Низомов даъвои Рустам Ҳукумовро

қонеъ намуда

, барои паст задани шаъну эътибор дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» рӯзномаи «ИмрузNews»-ро ба пардохти маблағи зарари маънавӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва расман узр пурсидан аз Р.Ҳукумов водор намуд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардабири рӯзнома ва муаллифи мақолаи зикршуда Назири Нусрат изҳор намуд, ки бо қарори суд норозӣ буда, аллакай ба зинаи таҷдиди назар шикоят омода мекунанд. «Мо бар ин назарем, ки судя дар тамоми ҷараёни мурофиа парвандаро бо тартиби якҷониба ба манфиати Ҳукумов баррасӣ намуд ва ин ҳолат аллакай бозгӯи он буд, ки чунин қарор қабул мешавад», – иброз дошт вай.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.