И.Зиёев: Мо бояд ба мазҳаби худ содиқ бимонем

Зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Таълими исломӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Идибек Зиёев аз тақрибан пурра ба мутолиаи китобҳо машғул набудани донишҷӯёни тоҷик изҳори нигаронӣ намуд. «Айни замон мо шоҳиди онем, ки ҷавонони тоҷик пайравони равияҳои дигари динӣ мегарданд ва имрӯз мушкилоти асосӣ дар он ифода […]

Меҳрангез Турсунзода


Зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Таълими исломӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Идибек Зиёев аз тақрибан пурра ба мутолиаи китобҳо машғул набудани донишҷӯёни тоҷик изҳори нигаронӣ намуд.

«Айни замон мо шоҳиди онем, ки ҷавонони тоҷик пайравони равияҳои дигари динӣ мегарданд ва имрӯз мушкилоти асосӣ дар он ифода меёбад, ки то кадом андоза мо мазҳаби худро ҳифз карда метавонем, – иброз дошт вай. – Ба туфайли истиқлолият мо барои омӯзиши ислом имкон дорем ва ба мо кадрҳое заруранд, ки аз забони арабӣ ба тоҷикӣ хуб тарҷума карда тавонанд, аз ҳадисҳо ва дигар равияҳои динӣ огоҳ бошанд, то ки мазҳаби худро нигоҳ дорем».

Ба қавли ӯ, ҳарчанд дар Донишкадаи исломӣ китобхонаи пур аз китобҳои нодиру китобхонаи электронӣ мавҷуд бошад ҳам, донишҷӯён ба мутолиаи китобҳо таваҷҷуҳи зиёд надоранд. «Ин ҷо мегӯянд, ки мо динро аз расму оинамон ҷудо месозем, вале феълан расму одатҳои мо ба кӯмаки Қуръон ниёз доранд, то ки моро ба роҳи рост равона созанд ва аз тамоми мушкилот имрӯз моро маҳз ислом ҳифз мекунад», – баён дошт И.Зиёев.

Ба гуфтаи муовини ректор, имрӯз кам касонеро аз намояндагони дин пайдо кардан метавон, ки натанҳо хуб ваъз бигӯяд, балки китобе ҳам таҳия бинамояд. «Онҳо муддати се соат ҳам метавонанд дар бораи масоили муҳим мавъиза бигӯянд, вале аз уҳдаи навиштани як мақолае ҳам баромада наметавонанд. Мо бо Донишкадаи лингвистии Маскав қарордод бастем, то донишҷӯёнамонро барои омӯзиш ба он ҷо фиристем, вале донишҷӯёни мо забони русиро танҳо дар сатҳи гуфтугӯ медонанд ва дар муддати як сол танҳо як нафар ба мо дар бораи хоҳиши таҳсил дар ин донишкада муроҷиат намуд», – зикр кард ӯ.

Идибек Зиёев ҳамчунин изҳор кард, ки дар кишварҳои исломӣ донишҷӯён ба ҷуз маълумоти исломӣ, ба касбҳои дигар, аз қабили муҳандису табиб ва ғайра низ соҳиб мешаванд, вале донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон пас аз хатми донишкада ҷойи кор пайдо карда наметавонанд, зеро касби дигаре надоранд. «Ман бар ин назарам, ки шояд замоне фаро расидааст, ки мо ба ин монанд таҷрибаро дар кишвари худ низ ҷорӣ намуда, мутахассисонро ба воқеияти имрӯзаи ҷумҳурӣ наздиктар биоварем», – афзуд номбурда.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.