Оғози киштукори зироати ғалладона дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон киштукори зироати ғалладона оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, бо назардошти кишти тирамоҳӣ, соли равон барои кишти ғалладона дар ҷумҳурӣ 304,2 гектар замин ҷудо шудааст, ки ба нақшаи кишти ҳамасолаи зироати ғалладона мувофиқ аст. Ба иттилои манбаъ, гандуми тирамоҳӣ дар майдони 199 ҳазору 748 гектар кишт шудааст, […]

Заррина Эргашева


Дар Тоҷикистон киштукори зироати ғалладона оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, бо назардошти кишти тирамоҳӣ, соли равон барои кишти ғалладона дар ҷумҳурӣ 304,2 гектар замин ҷудо шудааст, ки ба нақшаи кишти ҳамасолаи зироати ғалладона мувофиқ аст.

Ба иттилои манбаъ, гандуми тирамоҳӣ дар майдони 199 ҳазору 748 гектар кишт шудааст, ки нисбат ба соли пешин 7% бештар буда, кишти баҳории зироати ғалладона дар майдони 104 ҳазору 534 гектар дар назар аст.

Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ кишти гандум дар ВМКБ дар майдони 3ҳазору 58 гектар, вилояти Суғд – 60 ҳазору 296 гектар, вилояти Хатлон – 17 ҳазору 821 гектар ва навоҳии тобеи марказ – 23 ҳазору 359 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то имрӯз дар майдони 10 ҳазору 677 гектар зироати ғалладона кишт шудааст, ки 7 ҳазору 175 гектарашро кишти гандум, 2 ҳазору 942 гектарашро кишти ҷав ва 560 гектарашро кишти дигар зироати ғалладона ташкил медиҳанд.

Дар робита ба пешгӯии миқдори ҳосили зироати ғалладона дар соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ изҳор карданд, ки ҳанӯз пешгӯӣ барвақт аст ва шояд мисли соли пешин ҳосил ба даст оварда шавад. «Соли равон бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ бинобар коҳиши нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба кишти дигар зироат ва парвариши боғҳо тасмим гирифтаанд ва ин ба коҳиши начандон назарраси майдони кишти пахта боис мегардад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Соли гузашта кишоварзони тоҷик 1 млн. 200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 ҳосили гандум дар Тоҷикистон 801,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон 938,4 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосили баландтарини ин навъи зироат дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, ҳудуди 70%-и он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.