Ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Остона

Мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо – Душанбеву Остона ба мувофиқа расиданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Қазоқистон, ин мувофиқа дар ҷараёни гуфтушуниди дуҷониба дар Душанбе ба даст омада, муддати аввал дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо сурат мегиранд. «Ҳамчунин мувофиқи натоиҷи гуфтушунид, ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон вобаста […]

Заррина Эргашева


Мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо – Душанбеву Остона ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Қазоқистон, ин мувофиқа дар ҷараёни гуфтушуниди дуҷониба дар Душанбе ба даст омада, муддати аввал дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо сурат мегиранд.

«Ҳамчунин мувофиқи натоиҷи гуфтушунид, ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон вобаста ба интихоби худ аз ҳама гуна фурудгоҳи байнулмилалии Қазоқистон ба 4 шаҳри Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб парвозҳо анҷом дода метавонанд. Ба ин монанд ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ ба шаҳрҳои Остона, Алмаато, Тараз ва Шимкент парвоз ба иҷро расонида метавонанд», – гуфта мешавад дар иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон.

Қобили зикр аст, ки қаблан миёни Тоҷикистону Қазоқистон танҳо як хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Алмаато амал мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.