Дастгирии қонуни нави ВАО дар Маҷлиси миллӣ

Дар иҷлосияи сенздаҳуми имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев қонуни нави ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» якдилона ҷонибдорӣ гардид. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала узви палатаи болоии парлумон, президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов қайд кард, ки қонуни мазкур ба демократикунонии минбаъдаи ҷомеа […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи сенздаҳуми имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев қонуни нави ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» якдилона ҷонибдорӣ гардид.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала узви палатаи болоии парлумон, президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов қайд кард, ки қонуни мазкур ба демократикунонии минбаъдаи ҷомеа ва ҳимояи озодии баён нигаронида шуда, имрӯз ВАО-и ҷумҳурӣ дар ташаккули афкори ҷомеа оид ба масоили гуногун ва мушкилоти кишвар саҳми босазо доранд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба ҳимояти манфиатҳои умумимиллӣ бархоста, аз манфиатҳои мардум пуштибонӣ менамоянд.

Раиси палатаи болоии парлумон М.Убайдуллоев аз узви палата, роҳбарону вазорату идораҳо ва раисони шаҳру навоҳӣ даъват ба амал овард, ки меъёрҳои қонуни нави кишвар «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро мӯшикофонаву ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

«Бо наздикӣ моро лозим меояд, ки аз рӯи бандҳои ин қонуни қабулмешуда назди ҷомеа ҷавоб бигӯем», – гуфт М.Убайдуллоев.

Ёдрас мекунем, ки 12-уми декабри соли гузашта қонуни мазкур дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд. Ба эътиқоди вакилон, яке аз бандҳои муҳими қонун дар муддати се рӯз ба муроҷиати ВАО посух гуфтани мақомоти давлатӣ аст, ки қаблан он 1 моҳ муқаррар шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.