Президент 70 нафар маҳбуси низомиро афв кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 70 нафар собиқ маҳбусони низомиро, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, мавриди афв қарор дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муҳлати адои ҷазои минбаъда 50 нафар  собиқ хизматчиёни низомӣ озод гардида, муҳлати ҷазои боз 20 нафари собиқ низомиён кам карда […]

Наргис Ҳамробоева


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 70 нафар собиқ маҳбусони низомиро, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, мавриди афв қарор дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муҳлати адои ҷазои минбаъда 50 нафар  собиқ хизматчиёни низомӣ озод гардида, муҳлати ҷазои боз 20 нафари собиқ низомиён кам карда шудааст. Ҳамаи 50 нафар афвшуда, ки ному насабашон ифшо намегардад, имрӯз аллакай дар озодианд.

«Миёни онҳо хизматчиёне ҳузур доранд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ аз қабили худсарона тарк кардани қисми низомӣ, даст доштан дар муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва дигар ҷиноёти начандон назаррас маҳкум шуда буданд. Низомиёне, ки барои содир намудани ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ё қатли инсон маҳкум шуда буданд, мавриди афв қарор нагирифтанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдоми хайру башардӯстона ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Артиши миллӣ сурат гирифт.

Ба андешаи коршиносон, ин оғози таҷрибаи хуб буда, бори нахуст аст, ки дар ҷашни Артиши миллӣ хизматчиёни низомӣ афв шуданд. «Аз ин хабар танҳо эҳсоси мусбат ҳосил шуда, агар софдилона иқрор шавем, дар маҳкум гардидани онҳо гуноҳи мо, роҳбарон ва фармондеҳони сохторҳои қудратӣ низ ҳаст. Ин камбудиву норасоии фаъолияти мо низ мебошад», – гуфт бо шарти ифшо нашудани номаш як намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Афви шаҳрвандон яке аз ваколатҳои президенти ҶТ мебошад, ки он дар моддаи 69-и Конститутсияи кишвар зикр шудааст. Мувофиқи Муоҳадаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳар як маҳкумшуда метавонад мавриди афв қарор гирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд