Таъини намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар АНМН

Чанде қабл зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо сафири Қирғизистон дар ҶТ Урмат Саралаев намояндаи ваколатдор (афсари алоқа)-и ба иҷрои вазифа шурӯънамудаи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон дар АНМН ҶТ Кулчоро Усенов муаррифӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар мулоқот масоили фаъолияти муштараки ниҳодҳои зиддимухаддиротии […]

Наргис Ҳамробоева


Чанде қабл зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо сафири Қирғизистон дар ҶТ Урмат Саралаев намояндаи ваколатдор (афсари алоқа)-и ба иҷрои вазифа шурӯънамудаи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон дар АНМН ҶТ Кулчоро Усенов муаррифӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар мулоқот масоили фаъолияти муштараки ниҳодҳои зиддимухаддиротии кишварҳо дар самти фаъол кардани кӯшишҳои дастаҷамъона дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки намояндаи ваколатдори Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон дар АНМН ҶТ дар асоси Созишнома миёни мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳо аз 21-уми январи соли 2008 ва ҳамчунин тибқи қарорҳои қабулшуда аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии байниидоравии мақомоти ҳарду кишвар моҳи августи соли гузашта дар Хуҷанд таъин карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки макони ҳузури доимии афсари алоқаи ваколатдори Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд қарор хоҳад дошт.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?