Тренинги минтақавии пешбурди ТШСИ дар Боку

Чанде қабл дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку таҳти унвони «Карбогидрид ва минералҳо: аз истихроҷ то рушди устувор» тренинги минтақавӣ ба кор шурӯъ намуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Марказ оид ба соҳаҳои истихроҷи Авруосиёи Донишгоҳи Хазар дар доираи пешбурди Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои исихроҷ (ТШСИ) гузаронида мешавад. Давраи омӯзишии мазкур барои намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку таҳти унвони «Карбогидрид ва минералҳо: аз истихроҷ то рушди устувор» тренинги минтақавӣ ба кор шурӯъ намуд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Марказ оид ба соҳаҳои истихроҷи Авруосиёи Донишгоҳи Хазар дар доираи пешбурди Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои исихроҷ (ТШСИ) гузаронида мешавад.

Давраи омӯзишии мазкур барои намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори умуми Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳамчунин Украинаву Тоҷикистон созмон дода шудааст.

Ба гуфтаи директори марказ И. Аҳмедов, ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ табодули донишу таҷриба бо намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори умум ҷиҳати беҳбуди қобилияти онҳо дар кори таъмини шаффофияти фаъолияти соҳаҳои истихроҷ ва идоракунии даромад дар минтақаи авруосиёӣ мебошад.

Сардори Раёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои иқтисоди Вазорати молияи Тоҷикистон Темуралӣ Афғонов дар ин робита зикр кард, ки бо назардошти рӯзи 26-уми феврали соли равон дар ҷаласаи 22-юми созмони ТШСИ ба Тоҷикистон додани мақоми кишвари номзад ба ин созмон, чунин чорабиниҳо барои намояндагони Тоҷикистон хеле муҳиманд.

Ӯ қайд кард, ки 70 ширкати бузурги истихроҷкунандаи маҳсулоти нафтӣ ва маъданҳои кӯҳӣ, беш аз 80 ниҳоди сармоягузории соҳиби беш аз 16 трлн. $ раванди ТШСИ-ро дастгирӣ намудаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд