Рӯзи модарро Тоҷикистон бо барф пешвоз мегирад

Рӯзҳои 7-9-уми март дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор ва боришоти зиёди борону барф дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгӯии обуҳавои Муассисаи давлатии гидрометеорологияи ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод, рӯзи 7-уми март дар ҷумҳурӣ борони шадид ва дар доманакӯҳҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 7-уми март дар шаҳри Душанбеву вилояти […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 7-9-уми март дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор ва боришоти зиёди борону барф дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгӯии обуҳавои Муассисаи давлатии гидрометеорологияи ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод, рӯзи 7-уми март дар ҷумҳурӣ борони шадид ва дар доманакӯҳҳо боридани барф пешбинӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 7-уми март дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон ҳарорат аз 23 то 10-15 дараҷа ва дар вилояти Суғд то сифр поин меравад. Нимаи дуюми ҳамин рӯз дар Хуҷанд барф меборад.

Байдуллоева ҳамчунин изҳор намуд, ки дар ҷашни Рӯзи модар – 8-уми март дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон борон борида, тадриҷан ба бараф мубаддал мегардад. Ҳарорат як дараҷа сард шуда, вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония тақвият меёбад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, рӯзи 9-уми март дар саросари кишвар боридани барф, баъзан барфи шадид дар назар аст. Аммо аллакай рӯзи 10-уми март ҳарорат боло рафта, то 13 дараҷа гарм мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд