Толори нав барои кӯдакон дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ барои кӯдакону наврасон толори нав ифтитоҳ гардид, ки дар он 3 ҳазор нусха китобҳо гирдоварӣ шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллӣ Фотима Яқубова хабар дод, толор ба ду қисм ҷудо шуда, як миқдори муайяни адабиёт барои кӯдакони синнусоли мактабӣ ва қисмати дигар ба кӯдакони синнусолӣ томактабӣ пешбинӣ шудааст. «Дар […]

Маҳпора Киромова


Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ барои кӯдакону наврасон толори нав ифтитоҳ гардид, ки дар он 3 ҳазор нусха китобҳо гирдоварӣ шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллӣ Фотима Яқубова хабар дод, толор ба ду қисм ҷудо шуда, як миқдори муайяни адабиёт барои кӯдакони синнусоли мактабӣ ва қисмати дигар ба кӯдакони синнусолӣ томактабӣ пешбинӣ шудааст.

«Дар шуъбаи барои кӯдакони синнусоли томактабӣ таъиншуда ҳамчунин бозиҳои рӯимизии инкишофӣ, китобҳои шавқовар бо забонҳои гуногун, аз ҷумла русиву англисӣ, олмониву фаронсавӣ ва дигар забонҳо мавҷуданд», – иброз дошт вай.

Қобили зикр аст, ки қаблан толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ба хотири боздид аз толорҳои компютерӣ ба Китобхонаи миллӣ мерафтанд. Акнун дар ин шуъба хоҳишмандон тамоми адабиёти зарурии ноширони ватанӣ ва хориҷиро дарёфт карда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.