Адвокат Воҳидова: Виҷдони судя бедор шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро аз 11-уми март – ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ба рӯзи 14-уми март гузаронид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат хабар дод, ба онҳо ин хабар рӯзи 5 март расида, дар огоҳинома зикр шудааст, ки мурофиа бинобар сабаби имкони ҳузур надоштани судяи раисикунанда ба рӯзи дигар гузаронида мешавад ва санаи 11-уми март судяи мазкур дар семинар иштирок мекардааст.

Аммо адвокат Ф.Воҳидова бар ин назар аст, ки ин ҳама баҳонае беш набуда, «виҷдони онҳо бедор шудааст». «Ман чунин мешуморам, ки баъди нашри якчанд навиштаҳои интиқодӣ дар бораи маҳз дар ҷашни Рӯзи матбуот баргузор шудани мурофиаи судии рӯзнома, онҳо қарори худро бознигарӣ намуданд, зеро то ҷое ман огоҳам, чунин семинарҳои такмили ихтисос мувофиқи барномаи нави ислоҳоти низоми судӣ рӯзи ҷумъаи ахири ҳар моҳ баргузор мешаванд», – иброз дошт вай.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи сеюми моҳи феврали соли равон ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ

даъво пеш овард.

Санаи 1-уми март Суди иқтисодии шаҳри Душанбе баргузории мурофиаи аввали пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро ба рӯзи 11-уми март таъин кард.

Чанде қабл як зумра журналистони ватанӣ тасмим гирифта буданд, ки

ба нишони эътироз

аз чорабинии давлатӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи матбуот даст кашида, рӯзи 11-уми март дар мурофиаи пешакии судӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова ширкат варзанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...