Анҷоми сафари баронесса Стерн ба Тоҷикистон

Баронесса Вивиен Стерн узви Маҷлиси Аъёни (House of Lords) порлумони Бритониё сафари худ ба Тоҷикистонро анҷом дод. Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар давоми сафари се рузаи худ, баронесса Стерн якчанд вохӯриҳо бо муовини вазири адлия, Изатулло Шарипов, муовини аввали вазири корҳои дохила, Нурулло Орипов, ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Зариф […]

ASIA-Plus


Баронесса Вивиен Стерн узви Маҷлиси Аъёни (House of Lords) порлумони Бритониё сафари худ ба Тоҷикистонро анҷом дод.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар давоми сафари се рузаи худ, баронесса Стерн якчанд вохӯриҳо бо муовини вазири адлия, Изатулло Шарипов, муовини аввали вазири корҳои дохила, Нурулло Орипов, ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Зариф Ализода анҷом дод. Инчунин, ӯ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ва кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари порлумони Тоҷикистон вохӯрд. Дар рафти ин мулоқот баронесса Стерн дар мавриди беҳбудии муасисаҳои баста ва ҳуқуқи башар мулоқот карданд.

 Дар рафти сафари худ Стерн дар чорабинии кушодашавии маркази бозомузӣ барои кормандони умури зиндон иштирок намуд. Ин маркази бозомӯзи аз тарафи сафорати Бритониё сармоягузорӣ шудааст, ки дар он ҷо кормандони умури зиндонҳо бозомӯзӣ мешаванд. Инчунин, бо таклифи муоҷини вазири адлия Изатулло Шарипов, баронесса Стерн аз зиндони рақами 7 Душанбе боздид кард.

 Баронесса Стерн аъзои кумитаи қонунгузории парлумони Бритониё мебошад. Аз соли 1989 то соли 2006 ӯ вазифаи дабири кулли ташкилоти Penal Reform International бар уҳда дошт. Беҳбудии умури зиндонҳо, қонуни ҷиноӣ, ҳуқуқи башар ва рушди умумиҷаҳонӣ доираҳои фаъолияти баронесса Стерн ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон мебошанд. Илова бар ин баронесса Стерн вазифаи раиси созмони Бритониё ва Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Ин созмон барои равнақ додани ҳамкориҳои порлумонии ду кишвар мекӯшад. Сафари кунунии баронесса Стерн далели хоҳиши равнақ додани равобити полумонӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд