Адвокат Воҳидова: Виҷдони судя бедор шуд

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро аз 11-уми март – ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ба рӯзи 14-уми март гузаронид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат хабар дод, ба онҳо ин хабар рӯзи 5 март расида, дар огоҳинома зикр […]

Маҳпора Киромова


Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро аз 11-уми март – ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ба рӯзи 14-уми март гузаронид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат хабар дод, ба онҳо ин хабар рӯзи 5 март расида, дар огоҳинома зикр шудааст, ки мурофиа бинобар сабаби имкони ҳузур надоштани судяи раисикунанда ба рӯзи дигар гузаронида мешавад ва санаи 11-уми март судяи мазкур дар семинар иштирок мекардааст.

Аммо адвокат Ф.Воҳидова бар ин назар аст, ки ин ҳама баҳонае беш набуда, «виҷдони онҳо бедор шудааст». «Ман чунин мешуморам, ки баъди нашри якчанд навиштаҳои интиқодӣ дар бораи маҳз дар ҷашни Рӯзи матбуот баргузор шудани мурофиаи судии рӯзнома, онҳо қарори худро бознигарӣ намуданд, зеро то ҷое ман огоҳам, чунин семинарҳои такмили ихтисос мувофиқи барномаи нави ислоҳоти низоми судӣ рӯзи ҷумъаи ахири ҳар моҳ баргузор мешаванд», – иброз дошт вай.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи сеюми моҳи феврали соли равон ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ

даъво пеш овард.

Санаи 1-уми март Суди иқтисодии шаҳри Душанбе баргузории мурофиаи аввали пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро ба рӯзи 11-уми март таъин кард.

Чанде қабл як зумра журналистони ватанӣ тасмим гирифта буданд, ки

ба нишони эътироз

аз чорабинии давлатӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи матбуот даст кашида, рӯзи 11-уми март дар мурофиаи пешакии судӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова ширкат варзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд