Омӯзиши таҳияи маводи таҳқиқотӣ барои маҷаллаҳои хориҷӣ

Ҳудуди 60 нафар олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи маводи илмиву таҳқиқотӣ бо забони англисӣ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ иштирок карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Яъқубова хабар дод, семинарро Барномаи китобхонаи виртуалии илмӣ таҳти сарпарастии Маъмурияти миллӣ оид ба амнияти ҳастаии назди Вазорати энергетикаи ИМА бо […]

Маҳпора Киромова


Ҳудуди 60 нафар олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи маводи илмиву таҳқиқотӣ бо забони англисӣ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Яъқубова хабар дод, семинарро Барномаи китобхонаи виртуалии илмӣ таҳти сарпарастии Маъмурияти миллӣ оид ба амнияти ҳастаии назди Вазорати энергетикаи ИМА бо мусоидати Академияи улуми ҶТ созмон дода, он аз ҷониби CRDFGlobal доир гардид.

«Дар семинар ба сифати мураббӣ профессори кимиёи Донишгоҳи Мэйн Тораҷ Солоки ширкат варзида, дар Тоҷикистон ин нахустин чорабинӣ аз силсилаи семинарҳоест, ки тарзҳои навиштани маводи муваффақи таҳқиқотӣ аз лиҳози муҳаққиқ, сардабири маҷалла ва ҳамчунин мунаққидонро инъикос мекунанд. Дар семинар бобати тарзҳои воқеии ҷараёни нашр маълумоти муфассал дода шуда, барои беҳбуди малакаҳои навиштани мақолаҳои таҳқиқотии илмӣ бо забони англисӣ стратегияҳои гуногун пешниҳод гардиданд», – гуфт Яъқубова.

Ба қавли ӯ, ҳадаф аз баргузории семинар дастгирии рушди фаъолияти миллии таҳқиқотӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнулмилалии илмӣ миёни олимони бахшҳои гуногун кишвар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.