Мусодираи беш аз 60 кило маводи мухаддир дар ҷануб

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир мусодира гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари вилояти Хатлон дар ноҳияи Шӯрообод сокини 58-солаи маҳаллӣ Содиқ Исматов боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда 5 адад бастаи дорои 54 килову 200 грамм […]

ASIA-Plus


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир мусодира гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари вилояти Хатлон дар ноҳияи Шӯрообод сокини 58-солаи маҳаллӣ Содиқ Исматов боздошт шудааст.

«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда 5 адад бастаи дорои 54 килову 200 грамм маводи мухаддири навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд», – хабар медиҳад ВКД.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Ёров Аюбҷон Ҳабибуллоевич соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор, дастгир карда шудааст, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 4 килою 960 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 4 килою 90 грамм маводи нашъадори «афюн» (ҷамъ 9 килою 50 грамм) дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.