Мақоми 114-уми Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирии бахши сайёҳӣ

Дар рейтинги ҷаҳонии кишварҳо оид ба Индекси рақобатпазирии бахши сайёҳӣ дар соли 2013 (Travel and Tourism Competitiveness Index 2013) миёни 139 кишвар Тоҷикистон мақоми 114-умро касб кард. Дар гузориши таҳлилии Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ зикр мегардад, ки дар индекс аз рӯйи 14 нишондиҳанда, аз ҷумла аз заминаи меъёрӣ ва устувории экологӣ то захираҳои фарҳангӣ ва табиӣ […]

Маҳпора Киромова


Дар рейтинги ҷаҳонии кишварҳо оид ба Индекси рақобатпазирии бахши сайёҳӣ дар соли 2013 (Travel and Tourism Competitiveness Index 2013) миёни 139 кишвар Тоҷикистон мақоми 114-умро касб кард.

Дар гузориши таҳлилии Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ зикр мегардад, ки дар индекс аз рӯйи 14 нишондиҳанда, аз ҷумла аз заминаи меъёрӣ ва устувории экологӣ то захираҳои фарҳангӣ ва табиӣ баҳогузорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, се мақоми аввали рейтингро давлатҳои Швейтсария, Олмон ва Австрия ишғол намуда, миёни кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ Русия зинаи 59-ум ва Қирғизистон мақолми 107-умро касб кардаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, айни замон дар самти сайёҳӣ Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҷаҳонӣ муносибатҳоро густариш бахшида, баҳри ҷалби сайёҳон дар кишварҳои хориҷӣ гӯшаҳои махсуси шиносоӣ бо Тоҷикистон таъсис ва дар тамоми конфронсу вохӯриҳои байнулмилалӣ оид ба сайёҳӣ ширкат меварзад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта 344 ҳазор нафар шаҳрвандӣ хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 62 ҳазор нафар бештар буда, 245 нафари онҳо бо мақсади саёҳат ба ҷумҳурии мо ташриф оварда буданд.

«Ба ҳар ҳол, баъзе мушкилоте мавҷуданд, ки барои ҷалби сайёҳон онҳоро ҳаллу фасл бояд намуд. Масалан, имрӯз зербинои сайёҳӣ дар кишвари мо ба таври зарурӣ рушд наёфта, бахшҳои хизматгузориву реклама ҳам начандон хубанд», – гуфтанд дар Кумитаи мазкур.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.