Боздиди президенти Австрия аз Тоҷикистон

Рӯзҳои 12-14-уми марти соли ҷорӣ президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Хайнс Фишер бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар брифинги имрӯза сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ки дар рафти сафар вохӯрии хоссаи президенти Австрия бо президенти Тоҷикистон ва мулоқоти васеи ҳайатҳои ҳарду […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 12-14-уми марти соли ҷорӣ президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Хайнс Фишер бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Дар брифинги имрӯза сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ки дар рафти сафар вохӯрии хоссаи президенти Австрия бо президенти Тоҷикистон ва мулоқоти васеи ҳайатҳои ҳарду кишвар баргузор хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай, баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо маросими ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сурат мегирад. Доир ба натиҷаҳои сафари расмии президенти Австрия ба Тоҷикистон изҳороти сарони ду давлат дар назди намояндагони ВАО дар назар дошта шудааст.

Зимни ин сафар президентони ду кишвар дар ифтитоҳи форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия низ ширкат хварзид.

 Дар барномаи сафари расмии президенти Австрия ҳамчунин мулоқоти хоссаи ӯ бо раиси МН МО ҶТ ва сарвазири Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин меҳмони олиқадр дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи миллии бостоншиностии Тоҷикистон ва масҷиди марказии шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.