Оғози татбиқи лоиҳаи БАТР дар Хуҷанд

Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Коркарди партовҳои дурушти маишии шаҳри Хуҷанд», ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) маблағгузорӣ мешавад, конфронси матбуотӣ доир гардид. Мушовир оид ба масоили экологии лоиҳа Наташа Сим изҳор намуд, ки қисматҳои асосии лоиҳа аз барқарор кардани нуқтаҳои ҷамъоварӣ ва маркази амалиётӣ, таҷдиди партовгоҳ, корҳои […]

Шероз Шарифов


Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Коркарди партовҳои дурушти маишии шаҳри Хуҷанд», ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) маблағгузорӣ мешавад, конфронси матбуотӣ доир гардид.

Мушовир оид ба масоили экологии лоиҳа Наташа Сим изҳор намуд, ки қисматҳои асосии лоиҳа аз барқарор кардани нуқтаҳои ҷамъоварӣ ва маркази амалиётӣ, таҷдиди партовгоҳ, корҳои сохтмонӣ дар партовгоҳи мавҷуда ва васеъ кардани он, анҷом додани корҳои поккунии гирду атрофи партовгоҳ, дастрасии таҷҳизоти махсус барои коркарди партовҳои дурушти маишӣ, воситаҳои нақлиёти махсус ва таҷҳизоту дастгоҳҳои корӣ иборатанд.

Дар шарҳи масъалаи мазкур мушовир оид ба масоили иқтисодӣ Кван Қосимбеков иброз дошт, ки аз оғози сол тарофаҳо барои тозакунии партовҳо боло рафта, айни замон талаби БАТР аз он иборат аст, ки нархҳо ба сатҳи таваррум мувофиқат дошта бошанд, то ки ширкати ба ҷамъоварии партовҳо машғул пардохтҳои минбаъдаи қарзи гирифта аз бонк (2,5 млн. $)-ро таъмин карда тавонад.

Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии лоиҳаи коркарди партови дурушти маишӣ ва таҷдиди партовгоҳи мавҷудаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби БАТР дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мешавад, ки 2,5 млн. доллари онро маблағи грантии Хазинаи саҳомии махсуси БАТР ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.