Ҳ.Фишер: Барои густариши ҳамкорӣ волоияти қонун зарур аст

Дар мулоқоти имрӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер масоили таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетикаву иқтисод ва саноати сабуку истеҳсоли маводи ғизойӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни нишасти хабарӣ пас аз анҷоми гуфтушунид сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии […]

Наргис Ҳамробоева


Дар мулоқоти имрӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер масоили таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетикаву иқтисод ва саноати сабуку истеҳсоли маводи ғизойӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни нишасти хабарӣ пас аз анҷоми гуфтушунид сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ситезаҷӯиҳои замони муосир ва ҳамчунин вазъи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифтаааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сарони ҳарду кишвар дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши гуманитарӣ, аз ҷумла бахши фарҳангу маориф ва илмро низ муҳокима карда, асноди аз рӯйи натоиҷи гуфтушунид баимзорасида ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки аз ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Австрия, ки нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад, умедвории зиёд дорад.

Дар навбати худ, президенти Австрия Ҳайнтс Фишер зикр кард, ки ба ҳайати Австрия кормандони ҳукумати федералӣ, муовини раиси парлумон, намояндагони бахши фарҳангу рӯзноманигорон шомиланд.

Ба гуфтаи Фишер, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва бахусус Австрия ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса дорад ва таъкид намуд, ки муносибатҳо бо ин кишварҳо тамоили рушдро касб кардааст.

«Дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, истеҳсоли таҷҳизоти энергетикӣ, сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард ва пулҳо Автсрия дар Аврупо мавқеи пешрафта дорад ва айни замон эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар ин самт мушоҳида мешавад», – иброз дошт вай.

Президенти Австрия аз узвияти Тоҷикистон ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар баробари он таъкид дошт, ки барои густариши ҳамкориҳои устувору дарозмуҳлат пеш аз ҳама волоияти қонун, кафолатҳои ҳуқуқӣ барои сармоягузорон ва риояи ҳуқуқи инсон зарур аст.

Дар робита ба масъалаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Ҳ.Фишер зикр кард, ки «барои ин чорабиниҳои пешгирикунанда аз қабили беҳбуди ҳаёти аҳолӣ ва таҳаммулпазирии мазҳабӣ заруранд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.