Ташрифи сардори Ситоди кулли ҚМ Русия ба Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Як ҳайати низомии Русия таҳти роҳбарии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов пагоҳ, 14-уми март ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, сафари дурӯзаи ҳайати низомии Русия ба баррасии масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникии ҷонибҳо марбут аст.

Аз мулоқотҳои В.Герасимов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллов ва сардори Ситоди кулли Қуввваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-лейтенант Рамил Нодиров интизорӣ меравад. Дар вохӯриҳо баррасии маҷмӯи масоили гуногун  дар доираи ҳамкориҳои низомии кишварҳо дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.

Ёдрас мекунем, ки сафари ба 18-уми феврали соли равон таъиншудаи В.Герасимов бо ташаббуси ҷониби Русия ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд.

Моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири нави мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...