Истироҳати 6-рӯза ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ба муносибати таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯзи истироҳат эълон шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба қонунгуззорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумон Маҳмадалӣ Ватанов хабар дод, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», иди Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад. «Аммо агар рӯзҳои ид […]

Аваз Юлдошев


Ба муносибати таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯзи истироҳат эълон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба қонунгуззорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумон Маҳмадалӣ Ватанов хабар дод, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», иди Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад.

«Аммо агар рӯзҳои ид ба рӯзҳои истироҳат рост оянд, дар ин сурат рӯзи минбаъдаи корӣ рӯзи истироҳат эълон мешавад ва чун ду рӯзи охири  таҷлили ҷашни расмии иди Наврӯз ба рӯзҳои 23 ва 24-ум (шанбе ва якшанбе) рост меоянд, мутаносибан онҳо ба рӯзҳои 25 ва 26-уми март гузаронида мешаванд», – шарҳ дод вакили парлумон.

Ҳамин тариқ, соли равон дар Тоҷикистон рӯзҳои аз 21 то 26-уми март рӯзҳои истироҳат шуморида мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.