Ошкор нашудани қонуншиканӣ дар ташхиси мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон

Прокуратураи нақлиёти Русия дар ташхиси мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон, ки ба гирифторӣ ба бемории вабо гумонбар дониста шудаву дар нимароҳ ҳавопаймои ба Санкт-Петербург равона ба майдони ҳавоии шаҳри Ростов фуруд омада буд, ҳеҷ қонуншикание ошкор накардааст. Хабаргузории Интерфакс менависад, мақомоти покуратураи Русия амали тамоми хадамоти марбутаро дурусту саривақтӣ ва мутобиқи қонунгузории амалкунандаи кишвар арзёбӣ кардааст. Дар […]

ASIA-Plus


Прокуратураи нақлиёти Русия дар ташхиси мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон, ки ба гирифторӣ ба бемории вабо гумонбар дониста шудаву дар нимароҳ ҳавопаймои ба Санкт-Петербург равона ба майдони ҳавоии шаҳри Ростов фуруд омада буд, ҳеҷ қонуншикание ошкор накардааст.

Хабаргузории Интерфакс менависад, мақомоти покуратураи Русия амали тамоми хадамоти марбутаро дурусту саривақтӣ ва мутобиқи қонунгузории амалкунандаи кишвар арзёбӣ кардааст. Дар мақомоти прокуратура гуфтаанд, дар сурати аз сафоратхонаи Тоҷикистон ворид шудани дархости дахлдор, ба таҳқиқоти мӯшикофонаи ҳодисаи мазкур омодаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 28-уми феврал Вазорати тандурустии вилояти Русия перомуни таъҷилан ба майдони ҳавоии шаҳри Ростови Лаби Дон фуруд омадани ҳавопаймо аз Тоҷикистон бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии яке аз мусофирон изҳорот пахш намуд.

Дар изҳорот гуфта мешуд, ки як корманди тиббии фурудгоҳ ба бемории вабо (холера) гирифтор будани як мусофирро гумонбар шуда, дар ин робита 150 нафар мусофирони ҳавопаймо аз Хуҷанд муддати 1 шабонарӯз боздошт ва аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

Рӯзи дигар иттилоъ дода шуд, ки ин беморӣ тасдиқ нагардида, дар се нафар мусофирони ҳавопаймо бемории дарунравӣ (дизентерия) ошкор шудааст. «Ҳамаи мусофирон ба макони таъинот – шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург расонида мешаванд», – изҳор гардида буд дар сомонаи Вазорати тандурустии вилоят.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев амали ҳукуматдорони рус дар робита ба боздошти 150 нафар мусофири тоҷик дар шаҳри Ростови лаби Донро «таҳқиромез» унвон карда, изҳор намуда буд, ки дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷии Русия

нотаи эътирозӣ

фиристода хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.