Супориши раиси пойтахт ҷиҳати омодасозии лагерҳои тобистона

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он раисони ноҳияҳои пойтахт ва раҳбарони ташкилотҳои марбутаи шаҳрӣ ба оғози корҳои омодагӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрии кӯдакон уҳдадор мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, мувофиқи супориши мазкур, то 15-уми май истироҳатгоҳҳои кӯдаконаи «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва […]

Аваз Юлдошев


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он раисони ноҳияҳои пойтахт ва раҳбарони ташкилотҳои марбутаи шаҳрӣ ба оғози корҳои омодагӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрии кӯдакон уҳдадор мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, мувофиқи супориши мазкур, то 15-уми май истироҳатгоҳҳои кӯдаконаи «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни идораи маорифи шаҳри Душанбе қарор доранд, бояд барои қабули кӯдакон омода шаванд.

Ба қавли ӯ, лагерҳои мазкур дар ду баст дар маҷмӯъ метавонанд беш аз 1660 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони интернатҳои пойтахтро ба истироҳат фаро гиранд. «Дар 36 истироҳатгоҳ, ки дар мавсими таътили тобистона дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ таъсис дода мешаванд, метавонанд наздики 4 ҳазор кӯдакон истироҳат кунанд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.