Нигаронии AI аз нопадид шудани раиси ӯзбекони Хатлон

spot_imgspot_img

Дата:


Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз бедарак шудани ҳуқуқшинос ва раиси ташкилоти ҷамъиятии ӯзбекони вилояти Хатлон Салимбой Шамсиддинов рӯзи 15-уми марти соли равон изҳори нигаронӣ намуд.

Дар изҳороти шоми рӯзи 26-уми март интишоршудаи худ созмон бо мақсадҳои сиёсӣ рабуда шудани ӯро аз эҳтимол дур намедонад.

Дар изҳорот аз ҳодисаи мавриди лату кӯби шадид қарор гирифтани Шамсиддинов аз ҷониби афроди номаълум дар рӯ ба рӯи бинои Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, ки 5-уми майи соли 2012 ба вуқӯъ пайваста буд, ёдоварӣ мешавад. «Манбаъҳои маҳаллӣ ин ҳодисаро ба мусоҳибаи чанде пештар бо ВАО доштаи ӯ рабт медиҳанд. Дар он Шамсиддинов изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон сиёсати миллатгароиро роҳандозӣ кардааст», – омадааст дар изҳорот.

«Раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров ба ВАО изҳор кард, ки нопадид шудани С.Шамсиддинов яқинан ангезаи сиёсӣ дорад ва ба иштироки ахирӣ дар гурӯҳе, ки рӯйи тағйири қонунгузорӣ дар бораи интихоботи президент кор мекунад ва даъвати ӯ аз ӯзбекҳои этникии Тоҷикистон бобати ба ҷонибдории Раҳматилло Зойиров овоз додан дар маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президентӣ марбут аст», – менависад Amnesty International.

Созмони Афви Байнулмилал аз ҳукуматдорони Тоҷикистон расидагии фаврӣ ба ҳодисаи мазкур ва муайян кардани макони будубоши Шамсиддиновро дархост намудааст.

«Агар Шамсиддинов дар ҳабс қарор дошта бошад, мо аз ҳукумат таъҷилан ошкор намудани макони будубоши ӯро талаб дошта, мутмаин шуданием, ки боздоштшуда бевосита ба дидор бо аҳли оила ва ҳимоятгараш мувофиқи интихоби худ ва ҳамчунин кӯмаки тиббии тақозонамудааш дастрасӣ дошта бошад. Мо аз ҳукуматдорон даъват мекунем, ки дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ ба фаъолони сиёсӣ, ҷонибдорон ва пайвандони онҳо баҳри созмон додани маъракаҳои осоишта шароиту имкон фароҳам созанд», – баён мегардад дар изҳороти созмон.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...