Нашри харитаи мусаввари сайёҳии Бадахшон

Бо мақсади рушди сайёҳии минтақаи кӯҳистони Бадахшон харитаи рангаи мусаввари Бадахшон бо забони англисӣ ба нашр расид. Харита аз ҷониби Барномаи рушди ҷамоатҳои минтақаи кӯҳистони Бунёди Оғо Хон дар ҳамдастӣ бо КВД «Фабрикаи харитасозӣ»-и назди Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҶТ, Бунёди Оғо Хон дар Афғонистон, Барномаи Фокус ва ширкати ороишии «Хушкор» таҳия ва ба табъ […]

Пайрав Чоршанбиев


Бо мақсади рушди сайёҳии минтақаи кӯҳистони Бадахшон харитаи рангаи мусаввари Бадахшон бо забони англисӣ ба нашр расид.

Харита аз ҷониби Барномаи рушди ҷамоатҳои минтақаи кӯҳистони Бунёди Оғо Хон дар ҳамдастӣ бо КВД «Фабрикаи харитасозӣ»-и назди Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҶТ, Бунёди Оғо Хон дар Афғонистон, Барномаи Фокус ва ширкати ороишии «Хушкор» таҳия ва ба табъ расид.

Тавре аз намояндагии Барномаи рушди ҷамоатҳои минтақаи кӯҳистон хабар доданд, харитаи мазкур таҳти унвони «Харитаи Помир: ВМКБ Тоҷикистон ва қаламрави наздимарзӣ» барои сайёҳоне, ки нияти боздид аз Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшонро доранд, пешбинӣ шудааст.

Дар харита оид ба манотиқи ҷолиби сайёҳии Бадахшон ва қаламрави наздимарзии Афғонистон маълумоти муфасаал пешниҳод шудааст. Аз харита сайёҳон дар бораи меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти зарурӣ дарёфт карда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.