Марказҳои нави хизматрасонии «Бонки Эсхата» дар Хатлон

Дар ноҳияи Вахш ва маркази тиҷоратии «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон боз ду маркази нави хизматрасонии «Бонки Эсхата» ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар бонки мазкур бар ин назаранд, ки рӯз то рӯз талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ афзун мешавад ва ифтитоҳи марказҳои нав аз як тараф мутахассисонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад, аз […]

ASIA-Plus


Дар ноҳияи Вахш ва маркази тиҷоратии «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон боз ду маркази нави хизматрасонии «Бонки Эсхата» ба фаъолият шурӯъ карданд.

Дар бонки мазкур бар ин назаранд, ки рӯз то рӯз талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ афзун мешавад ва ифтитоҳи марказҳои нав аз як тараф мутахассисонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад, аз тарафи дигар ба рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди минтақа мусоидат менамояд.

«Барои рушди тиҷорат ва афзоиши ҳаҷми сармояи муомилотӣ воситаҳои иловагӣ заруранд ва дар ин робита, қарзҳои бонкӣ ба ҳалли мушкилоти соҳибкорон кӯмак мерасонанд», – зир мегардад дар иттилои бонк.

Гуфта мешавад, биноҳои нави марказҳои хизматрасонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои мизоҷон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 25 маркази хизматрасонии «Бонки Эсхата» фаъолият доранд, ки 9-тои он дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бунёд шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.