ХФМ: Дар Русия муҳоҷирони тоҷику ӯзбек зиёдтаранд

Муовини сардори Хадамоти федралии муҳоҷирати Русия Анатолий Фоменко ба васоити ахбори умуми Русия изҳор доштааст, ки айни замон дар Русия 1,1 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик ҳузур доранд. Ба гуфтаи вай, шумори муҳоҷирони кории Ӯзбекистон – 2,5 млн., Украина – 1,3 млн., Озарбойҷон – 599 ҳазор, Қирғизистон – 559 ҳазор ва Молдова 517 ҳазор нафарро […]

Заррина Эргашева


Муовини сардори Хадамоти федралии муҳоҷирати Русия Анатолий Фоменко ба васоити ахбори умуми Русия изҳор доштааст, ки айни замон дар Русия 1,1 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик ҳузур доранд.

Ба гуфтаи вай, шумори муҳоҷирони кории Ӯзбекистон – 2,5 млн., Украина – 1,3 млн., Озарбойҷон – 599 ҳазор, Қирғизистон – 559 ҳазор ва Молдова 517 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

«Айни замон ҳудуди 7 ҳазор нафар муҳоҷирон аз санҷиш гузашта, оид ба донистани забони русӣ сертификатҳои дахлдор гирифтанд», – иброз доштааст ӯ.

Фоменко гуфтааст, дар Русия тақрибан 250 адад курсҳои омӯзиши забони русии дастрас барои муҳоҷирони корӣ амал мекунад, дар 64 адади онҳо бо мусоидати Хадамоти федералии муҳоҷират ва ташкилотҳои диниву ҷамъиятӣ омӯзиш таври ройгон ба роҳ монда шудааст, вале мушкилот дар он ифода меёбад, ки худи муҳоҷирон хоҳиши омӯзиши забони русиро надоранд.

Бино ба маълумоти расмии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта 744 ҳазору 360 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд, ки 657 нафарашонро мардон ва 85 ҳазору 15 нафарашонро занон ташкил дода, ин шумор нисбат ба соли 2011 ба миқдори 6 ҳазору 31 нафар камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.