Камшавии ҳодисаҳои худкушӣ дар шимоли ҷумҳурӣ

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили камшавии ҳодисаҳои худкушӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мушоҳида мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 3 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 60 далели даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили камшавии ҳодисаҳои худкушӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мушоҳида мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 3 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 60 далели даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳодиса камтар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, миёни ин афрод 33 нафарашон мардону 5 писари ноболиғ ва 27 тан занону 1 духтари ноболиғ буда, 14 нафар бо сабаби носолимӣ, 6 нафар бар асари ҷанҷолҳои оилавӣ, ду нафар дар натиҷаи вазъи бади молӣ ва боқимонда бо сабабҳои гуногун даст ба худкушӣ задаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аксари ин шахсон (53 нафар) тавассути худро ба дор овехтан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин давра аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.