Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» дар доираи лоиҳаи «Дастрасии аҳолии камбизоати ВМКБ ба адолати судӣ», ки бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба фаъолияти марказҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва ҳамчунин маркази муттаҳида барои ноҳияи Шуғнону шаҳри Хоруғ идома мебахшад.
Тавре аз Ассотсиатсияи мазкур хабар доданд, айни замон дар Тоҷикистон ислоҳи ниҳоди адвокатура ҷараён дошта, иттиҳодияҳои нави адвокатҳо таъсис дода мешаванд ва шумори адвокатҳо-вакилон зиёд гардида, лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи адвокатура» дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дорад.
Аммо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон – минтақаи дурдасти кӯҳистон бо аҳолии беш аз 220 ҳазор нафар натанҳо иттиҳодияҳои адвокатҳо, балки худи адвокатҳо-вакилон ҳамчун ҳимоятгарони ҳуқуқи шаҳрвандон дар мурофиаҳои ҷиноятиву шаҳрвандӣ вуҷуд надоштанд. Дар чунин шароит тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳамчунин мурофиаҳои судӣ дар ВМКБ бидуни иштироки адвокатҳо сурат мегирифтанд, ки нақзи ҳуқуқҳои зикршуда дар Конститутсияи кишвар ва санадҳои байнулмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мебошад.
Мутобиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии ҶТ, ки 01-уми апрели соли 2012 қабул шуд, ба ҳимоятгар аз замони боздошт кафолат дода мешавад, аммо то замони начандон дур ҳуқуқи сокинони ВМКБ ба ҳимоя ва баррасии адолатноки судӣ риоя намешуд. Бинобар сабаби ҳузур надоштани адвокатҳо, мақомоти тафтишоти пешакӣ имконоти воқеии таъмини боздоштшуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва минбаъд судшавандаро ба ҳуқуқи ҳимоя надоштанд, ки баъзан аз ин ба манфиати ҷониби айбдоркунанда истифода мешуд. Дар навбати худ, хешовандони наздики даъватшуда аксаран бар асари надоштани маълумоти кофии ҳуқуқӣ ёрии касбии ҳуқуқиро расонида наметавонистанд.
Фароҳам овардани имконот барои ҳуқуқшиносони ҷавон ҷиҳати дастрас кардани мақоми адвокат яке аз ҳадафҳои лоиҳаи «Дастрасии аҳолии камбизоати ВМК ба адолати судӣ» маҳсуб меёбад.
Ба гуфтаи директори «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» Манучеҳр Холиқназаров, айни замон 4 нафар узви ташкилот аз Вазорати адлияи ҶТ барои амалисозии фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома гирифта, ин ба онҳо барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ имкон медиҳад. «Оянда мақсади кушодани ба ин монанд марказҳо дар тамоми ноҳияҳои вилоятро дорем, ки ба рушди фаъолияти адвокатҳо ва адвокатура дар маҷмӯъ, пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ, ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалии риояи ҳуқуқи инсон дар қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқӣ ва ҳамчунин баргузории ислоҳоти демократӣ дар қаламрави ВМКБ мусоидат хоҳад кард», – зикр кард М.Холиқназаров.
Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ бо заминаи зарурии моддиву техникӣ, аз ҷумла, барномаи иттилоотиву ҳуқуқии «Адлия», техника ва мебели муосири корӣ ва дастрасӣ ба шабакаи Интернет таъмин карда шудаанд.



