Тасмими суди Дубай оид ба истирдоди Қувватов

Рӯзи 14-уми апрел суди Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) дар бораи рухсати истирдоди пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт шуда буд, қарор қабул кард. Ба гуфтаи ҳимоятгар Николай Николаев, суд қарори мазкурро бидуни назардошти ақидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул кардааст. Ӯ бар ин назар аст, ки истирдод ба хотири амали […]

ASIA-Plus


Рӯзи 14-уми апрел суди Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) дар бораи рухсати истирдоди пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт шуда буд, қарор қабул кард.

Ба гуфтаи ҳимоятгар Николай Николаев, суд қарори мазкурро бидуни назардошти ақидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул кардааст. Ӯ бар ин назар аст, ки истирдод ба хотири амали коррупсионии суд сурат мегирад. «Тибқи маълумоти мавҷуда, судяи ин қарорро содирнамуда барои коррупсия метавонад аз мақомаш маҳрум гардад. Тоҷикистон ба судя маблағи дорои 8 сифрҳоро додааст», – иброз доштааст адвокат дар саҳифаи фейсбукии худ.

Николаев ҳамчунин зикр кардааст, ки ба ӯ алҳол қарори суд дастрас нагардида, «аз ин рӯ, ин ҳоло маънои истирдоди таъҷилии Қувватов ба Тоҷикистонро дошта наметавонад». Ба қавли адвокат, дар қонунгузории АМА муқаррароте мавҷуд аст, ки тибқи он, метавон аз ин канорагирӣ намуд.

Ёдрас мекунем, ки бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ аз Маскав омада, минбаъд нияти сафар ба Брюсселро дошт. Қувватов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Дубай қарор дорад. Моҳи март Николаев

дар бораи бедарак шудани Қувватов

аз тавқифгоҳ хабар дода буд, вале баъди чанде ин маълумот рад карда шуд.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд. Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.

Чанде қабл дар видеохостинги Youtube

сабти тозаи аудиоии

пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.