Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,1 млрд. $-ро ташкил медиҳад

Заррина Эргашева


Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 125,75 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 25,2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз ҳисоби пардохт дар зарфи се моҳи соли равон қарзи хориҷии кишвар ба миқдори 43,66 млн. $ коҳиш ёфта, аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда 2 млрд. 169,41 млн. $ ё худ 28,5%-и ММД-ро ташкил медод.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, соли 2013 барои пардохти қарзи асосӣ – 100,4 млн. ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 33 млн. доллари ИМА равона мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...