Ҳафтаи равон обуҳавои кишвар боронӣ хоҳад буд

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, тамоми муддати ҳафтаи равон обуҳаво дар Тоҷикистон ноустувор боқӣ монда, обуҳавои абриву боронӣ ва раъду барқ дар назар аст. Тибқи маълумоти муассисаи обуҳавошиносии кишвар, рӯзи панҷшанбе дар манотиқи кӯҳистон (баландии зиёда аз 2500 метр) барф борида, то ахири ҳафта ба якчанд дараҷа поинравии ҳарорат пешгӯи мешавад. Дар ин рӯзҳо дар вилояти Суғд […]

Меҳрангез Турсунзода


Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, тамоми муддати ҳафтаи равон обуҳаво дар Тоҷикистон ноустувор боқӣ монда, обуҳавои абриву боронӣ ва раъду барқ дар назар аст.

Тибқи маълумоти муассисаи обуҳавошиносии кишвар, рӯзи панҷшанбе дар манотиқи кӯҳистон (баландии зиёда аз 2500 метр) барф борида, то ахири ҳафта ба якчанд дараҷа поинравии ҳарорат пешгӯи мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар вилояти Суғд ҳарорат рӯзона 21-26 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳарорати рӯзона дар водиҳо +22+27 ва дар доманакӯҳҳо +19+24 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар навоҳии тобеи марказ ҳарорати рӯзонаи обуҳаво дар водиҳо ба +22 +27 ва дар доманакӯҳҳо ба +17+22 баробар хоҳад шуд.

Дар ғарби ВМКБ ҳарорат рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят аз 4 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе обуҳавои тағйирёбандаи боронӣ дар назар буда, 22-24 дараҷа гарм мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.