ВКХ изҳороти Зойировро иғвоангезӣ унвон кард

Меҳрангез Турсунзода


Роҳбари департаменти матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи аз ҷониби Чин соҳиб шудан ба қаламрави бештари Тоҷикистон нисбат ба масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмиро иғвоангезӣ унвон кард.

Дар брифинги имрӯз доиргардида дар ин робита ӯ изҳор намуд, ки ВКХ ҶТ оид ба масъалаи мазкур ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст ва «ин изҳорот бепоя аст». «Ман намефаҳмам, ки чунин изҳорот ба кадом хотир пахш мешавад, вале касе ин корро мекунад, мақсадҳои тамаъҷӯиро пайгирӣ дорад», – иброз дошт ӯ.

Чанде қабл раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров

изҳор кард,

ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст. Зойиров маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад.

Бино ба иттилои сомонаи радиои эронии «Садои Хуросон» Раҳматилло Зойиров эҳтимоли вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин дар баробари қарзҳои молиии ҳукумати Душанберо низ таъкид кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...