Назари коршиносон ба рейдҳои мансабдорони рус дар қатораҳои Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев


Дар робита ба санҷиши ногаҳонии қатораҳои Тоҷикистон аз ҷониби мансабдорони баландпояи Русия ва пешниҳоди қатъи равуои қатораҳо миёни кишварҳо раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони ҶТ Абдуғанӣ Мамадазимов чунин ибрози андеша намуд, ки он ба тасдиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон марбут аст.

«Ба таъхир афтодани тасдиқи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро русҳо беасос ва ғайриқобили қабул мешуморанд ва бо чунин механизм ба Тоҷикистон таъсир расониданианд», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшинос Вафо Ниятбеков мухолифи ин андеша буда, изҳор мекунад, ки ин масъалаҳо бо тартиби маъмули корӣ ҳаллу фасл мешаванд.

«Ин ҳама ба андешаҳои изҳоркардаи Тоҷикистон дар мавриди шитоб надоштан ба узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ вобаста буда, имрӯз ба мо нишон медиҳанд, ки агар мо ба ин созмон аъзо нашавем, чӣ чизҳоеро метавонем аз даст дод», – мегӯяд В.Ниятбеков.

Вакили парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов мутмаин аст, ки иқдоми санҷиши қатораҳои Тоҷикистон ташаббуси шахсии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ва роҳбари «Роспотребнадзор» Геннадий Онишенко аст.

«Мо аз таваҷҷуҳ ва «дӯстӣ»-и беҳад зиёди Рогозину Онишенко нисбати Тоҷикистон огаҳем ва шояд ба нуқтаи осебпазири Тоҷикистон таъсир расониданӣ буданд, ки ба мақсад расиданд, зеро қатораҳои Тоҷикистон дарвоқеъ ҳам дар вазъи зиддисанитарӣ қарор доранд», – гуфт вакили парлумон.

С.Шарифов мутмаин аст, ки президенти Русия Владимир Путин ба чунин дасисабозиҳо дода намешавад, зеро ин ба нафъи манфиатҳои геополитикии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ нест.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба камбудиҳои ошкоргардида зимни ҷаласаи сайёри Комиссияи давлатии марзбонии Русия таҳти сарварии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия

қатъи равуоҳои қатораҳои Тоҷикистонро тақозо кард.

Ҳамчунин намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар робита ба аз ҷониби Русия манъ шудани равуои қатораҳои Тоҷикистон ба ин кишвар, изҳор кард, ки то ҳанӯз ба сафорати Тоҷикистон дар Русия

ҳеҷ санади расмие ворид нагардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...