Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо ҳайати Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти сарварии директори шӯъбаи энергетикаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Руни Стром ва наояндаи доимии БОР дар ҶТ Си.Си.Ю мулоқот орост.
Бино ба иттилои Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва ивази таҷҳизоти кӯҳна дар нерӯгоҳи барқии Норак, таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000 ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои алтернатвии энергия дар ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар мавриди омодасозии кадрҳо барои бахши энергетика, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон дар густариши муносибатҳои дуҷониба бо БОР ва иштироки ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ дар таҳия ва амалисозии лоиҳаи CASA-1000 манфиатдор аст.





