Дар кори мизи гирд бо иштироки дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа дар Бишкек масоили таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қирғизистон, чорабинии мазкур аз ҷониби Котиботи СААД, Вазорати умури хориҷӣ ва Шӯрои мудофиаи Қирғизистон созмон дода шуда, дар кори мизи гирд сиёсатшиносону коршиносони Қирғизистон ва дигар кишварҳои узви СААД ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои иттилоотиву таҳлилии шомил ба Ассотсиатсияи таҳлилии СААД ширкат варзиданд.
Таҳлил ва арзёбии вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дақиқан мушаххас кардани таҳдидҳо дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии низомӣ аз Афғонистон ва баррасии тавсияҳо оид ба чораҳои амалии имконпазири пешгирӣ ва вокуниш ба онҳоро Николай Бордюжа натиҷаи аслии чорабинӣ унвон кард.
Н.Бордюжа изҳор намудааст, ки дар муқоиса бо СААД Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) баҳри тақвияти обрӯву нуфузи худ миллионҳо доллар маблағ масраф месозад. «Ба фаъолияти густардаи НАТО 50 сол инҷониб устуворона маблағгузорӣ мешавад ва онҳо имкон доранд, ки баҳри боло бурдани обрӯву нуфузи худ дар кишварҳое, ки онҳо узви НАТО нестанд, барномаҳои гаронарзишро роҳандозӣ намоянд, вале мо он қадр сарватманд нестем, ки мисли онҳо амал намоем ва мутаносибан дар бораи СААД маълумоти густарда мавҷуд нест», – иброз доштааст вай.
Дабири кулли СААД ҳамзамон зикр кардааст, ки СААД аз кишварҳои ҷавоне иборат аст, ки «маблағҳои охирини худро баҳри таҳкими нерӯҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хароҷот мекунанд».
Ба қавли Бордюжа, сарфи назар аз ин мушкилот, аз оғози фаъолияти созмон ошкор ва мусодира намудани ҳудуди 300 ҳазор тонна маводи мухаддир муяссар гардида, СААД дар ба субот овардани вазъ дар Афғонистон фаъолона кӯмак мерасонад ва тамоми тағийрот дар кишварро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.