Кишварҳои узви ЕврАзЭС хадамоти воҳиди ҳавонавардӣ созмон медиҳанд

            Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Сочи дар доираи баргузории машварати 21-уми муштараки шӯро ва гурӯҳи ҳамоҳангсози коршиносони «Евразия» миёни муассисаҳои хадамоти ҳавонавардии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Созишномаи таъсис додани Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардӣ ба имзо расид. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия хабар медиҳад.             Гуфта мешавад, ки таъсиси […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Сочи дар доираи баргузории машварати 21-уми муштараки шӯро ва гурӯҳи ҳамоҳангсози коршиносони «Евразия» миёни муассисаҳои хадамоти ҳавонавардии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Созишномаи таъсис додани Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардӣ ба имзо расид. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия хабар медиҳад.





           

Гуфта мешавад, ки таъсиси Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардии «Восток» ба таҳкими амнияту бехатарӣ, роҳандозии муназзами ҳаракат, таъмини банақшагирии стратегӣ, ҳамоҳангсозии амалиёти муштарак ҷиҳати такмилу азнавсозии воситаҳо ва автоматикунонии назорати парвози ҳавопаймоҳо муосидат хоҳад намуд.




           

Раиси гурӯҳи ҳамоҳангсозии коршиносони «Евразия», директори маркази «Узаэронавигатсия» Алишер Ашӯров гуфтааст, ки «таъсиси хадамот мустақиман ба бехатарии парвозҳо мусоидат намуда, роҳбарони мақомоти марбутаи кишварҳоро ӯҳдадор месозад, ки баҳри таъмини муназзамӣ ва бехатарии парвозҳо муқаррароти созишномаро ба иҷро расонанд».




           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори газетаи «Российская газета» роҳбари Хадамоти федеролии ҳавонавардии Русия А.Нерадко изҳор доштааст, ки дар амал ҷорӣ сохтани муқаррароти созишнома ба камшавии хароҷоти сӯзишвориву захираҳои техникӣ мусоидат мекунад, зеро «акнун барои парвози ҳавопаймоҳо хатсайрҳои кӯтоҳтарин ва «мустақим» интихоб хоҳанд шуд».




           

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар фазои кишварҳои узви Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардӣ ҳамеша беш аз 150 ҳазор нафар одамон қарор доранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.