Ҳ.Зарифӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии ИДМ озими Бишкек шуд

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Бишкек меравад. Мулоқоти вазирони кишварҳо дар арафаи баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Дар ин бора аз […]

Валентина Кондрашова


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Бишкек меравад. Мулоқоти вазирони кишварҳо дар арафаи баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.




Интизор меравад, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви ИДМ ба масъалаи рушди ҳамкориҳои коммуникатсионӣ ва нақлиёт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




           

Ғайр аз ин, дар назар аст, ки соҳаи энергетика чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо муайян карда шуда, соли 2009 – Соли ҷавонон дар ИДМ эълон гардад.




           

Зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС масоили ҳамгиройии минбаъдаи иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.




           

Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.