Сарвари Филиали Ташкилоти «Save the Children International» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нашри мақола дар «Азия-Плюс»
(Save the Children: Таджикистан худшее место для матерей и детей в ЦА
аз 10 майи соли 2013) изҳори нигаронӣ ва норизогӣ менамояд.
Тавре аз филиали ташкилоти мазкур хабар доданд, ташкилот мутмаъин аст, ки васоити ахбори омма маълумоти дар ҳисоботи солонаи Вазъи Модарони Ҷаҳон дар соли 2013 дарҷгардидаро оид ба вазъи кунунии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нуқсон инъикос намуда, вазъи давлатҳои Осиёи Марказиро ба таври манфӣ муаррифӣ кардааст.
Сарвари Филиали Ташкилоти “ Save the Children International” дар Тоҷикистон, ҷаноби Вилиям Линч аз Вазорати Тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон аз рух додани чунин вазъияти ногувор ва хиҷолатомез узрхоҳӣ менамояд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи «Солимии Модару Кӯдак» пас аз ба даст овардани истиқлолият, ба пешравиҳои назаррас ноил гаштааст» – иброз дошт ҷаноби Линч. «Ҳисоботи имсола нишон медихад, ки Чумҳурии Тоҷикистон дар нишондодҳои тӯли солҳои охир аз мавқеи 77 ба мавқеи 70 расидааст», – гуфта мешавад дар посух.
Ҳисобот нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳрасти 176 мамлакат дар сатҳи миёна қарор дорад. Аз рӯи дараҷабандии 124, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои Осиё, аз қабили Ҳиндустон, Покистон, Афѓонистон, Мианмар ва Камбоҷа дар зинаи баландтар қарор дорад.
Дар ҷаҳони мутаррақӣ, ки вазьи тамоми кӯдакон қариб ки дар ҳама ҷой рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, муқоиса намудани як мамлакат бо дигар аз ҷониби хабарнигорон аз саҳву иштибоҳ холӣ набуда, далелҳо дуруст инъикос карда намешаванд» – изҳор кард ҷаноби Линч.
Ҳисоботи мазкур дар асоси чамъбасти маълумоти охирин, ки аз ҷониби Cозмони Байналмилаллии Кӯдакон ЮНИСЕФ, ТУТ (Ташкилоти Умумиҷахонии Тандурустӣ), БРСММ (Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид), созмони ЮНЕСКО ва Бонки Умумиҷаҳонӣ нашр шуда буд, мураттаб гардидааст. Нишондоди мазкур баҳри нишон додани эхтиёҷот ва талаботи кӯдакон дар миқёси ҷаҳон, ҳамчун як иқдом ва саъю кӯшиши Наҷоти Кӯдакон барои паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак тарҳезӣ шудааст.
Аз рӯи ҳисоботи мазкур Финландия дар мавқеи аввал, ИМА дар мавқеи 30-юм ва дар мавқеи охирон, яъне 176-ум Ҷумҳурии Демократии Конго қарор дорад.
Боиси қайд аст, ки ташкилоти Наҷоти Кӯдакон аз соли 1994 бо мутахассисини Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии солимии модару кӯдак дар доираи лоиҳаҳои якҷоя бо Вазорати мазкур ҳамкорӣ менамояд


