ҲНИТ: Боздошти З.Саидов як амали сирф сиёсӣ аст

Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи сиёсии ҷумҳурӣ дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ баррасӣ шуда, хулоса шуд, ки ин вазъ «нисбатан ҳассос» мебошад. Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид мегардад, ки кишвари мо тибқи Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ як кишвари демократии мабни бар гуногунандешии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин дорои низоми […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи сиёсии ҷумҳурӣ дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ баррасӣ шуда, хулоса шуд, ки ин вазъ «нисбатан ҳассос» мебошад.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид мегардад, ки кишвари мо тибқи Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ як кишвари демократии мабни бар гуногунандешии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин дорои низоми бисёрҳизбӣ эълон шудааст ва паёдоишу фаъолияти озодонаи ҳизбҳо нишонаҳои пойбандии мақомот ба ин аслҳо мебошад. «Тоҷикистон тайи солҳои гузашта, ба хусус пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ дар ин самт қадамҳои хубе бардошт ва худро кишвари нисбатан озоду демократӣ муаррифӣ кард», – баён мегардад дар изҳорот.

«Мутаассифона, солҳои охир раванди бозгашт аз ин масир ба чашм мехурад, ки нишонаҳои онро дар маҳдуд кардани фаъолияти ҳизбҳо ва эҷоди монеъа дар таҳкими гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ мебинем. Бо баҳонаҳои гуногун, аксаран сохтаву бофта, болои сиёсатмадорон, фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиву ташкилотҳои ғайридавлатӣ, инчунин расонаҳои хабарӣ фишорҳо бештар шуда истодаанд, ки боиси нигаронии амиқи ҷомеъа гаштааст», – зикр мегардад дар изҳорот.

Дар идома изҳор мегардад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти роҳбари Гурӯҳи муассисони ҳизби «Тоҷикистон нав» ва вакили маҷлиси шаҳрӣ, Зайд Саидовро як амали сирф сиёсӣ ва ҳадафмандона, инчунин мухолиф ба қонунгузории кишвар ва фарҳанги сиёсӣ медонад.

«Аз тарафи дигар, муттаҳам кардани ӯ ба «ҷиноятҳои содиркарда» дар замони фаъолияташ, ҳамчун узви Ҳукумати ҶТ, танҳо пас аз эълони Зайд Саидов барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, баёнгари ин аст, ки ҳатто қонуншиканӣ ҳам ба худиву бегона, тарафдор ва бетараф ҷудо карда шудааст. Чаро солҳои тулонӣ дар бораи қонуншикании ӯ аз забони мақомот ҳарфе садо намедод ва «камбудиҳо»-и ӯро ошкор накарданд?», – таъкид шудааст дар изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.